ҶДММ «НПК «ФАРМАСОФТ» шарики боэътимод дар соҳаи тандурустӣ мебошад. Мақсади асосии мо – кумакрасонӣ барои беҳтар намудани тандурустӣ мебошад.

Яке аз роҳҳои ноилшави ба максад – ин мониторинги (мушоҳидаи) бехатарии маҳсулоти мо аст.

Ҷамъоварии маълумот оиди бехатарӣ ба ширкат имконият медихад, ки ба беморон ва духтурон маълумоти пурра ва эътимоднок оиди доруворӣ пешниҳод намояд, ки ин дар навбати худ ба табибон барои беҳтар назорат намудани табобати беморон кӯмак мерасонад. Бо риояи принсипҳои ахлоқӣ ва талаботи қонун, мо маълумотро оиди бехатарӣ ҷамъоварӣ, коркард ва баҳодиҳӣ намуда, онро ба таваҷҷӯҳи мақомоти танзимкунанда ва табибон мерасонем.

Агар шумо дар бораи падидаҳои номатлубе, ки ҳангоми истифодаи дорувории ҶДММ «НПК «ФАРМАСОФТ» ба вуҷуд омадаанд ва /ё дар бораи даъво нисбати самаранокӣ ва сифати онҳо маълумот дошта бошед, лутфан ба мо иттилоъ диҳед:

  • ба суроғаи: 109544, ш. Маскав, булвар Энтузиастов, хонаи 2
  • тавассути почтаи электронӣ: pv@pharmasoft.ru
  • ё ба рақами +7 (495) 626-47-55 занг занед/

Чунин маълумот барои мо хеле муҳим аст! Мусоидати шумо ба мо кӯмак мерасонад, ки сатҳи бехатарӣ ва самарабахшии дорувории ширкатамонро баланд бардорем, ҳуқуқҳои беморонро ҳифз намуда, некӯаҳволӣ ва бехатарии онҳоро таъмин намоем.